Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду инфиҷори пурқурбонӣ дар Байҷӣ


Бар асари инфиҷори ду мошини ҳомили маводи тарканда дар шаҳри Байҷӣ - воқеъ дар шимоли Бағдод дасти кам 22 нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, яке аз таркишҳо алайҳи раиси пулиси шаҳр равона шуда буд –бар асари ин ҳодиса ӯ ҷароҳат бардоштааст. Ҳадаф аз инфиҷори дуввум – тахриби манзили як низомии воломақоми сунниҳои Ироқ буд, ки бо неруҳои амрикоӣ ҳамкорӣ мекунад. Мақомоти Ироқ дар ҳар ду инфиҷор созмони “Ал-Қоида”-ро масъул медонанд. “Ал-Қоида” қаблан эълом дошт, дар моҳи шарифи Рамазон ҳамлаҳо болои мансабдоронеро, ки бо низомиёни Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ мекунанд, афзоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG