Пайвандҳои дастрасӣ

Се бозии даври 17-и лигаи олӣ


Се бозии даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, яке аз муддаъиёни унвони қаҳрамонӣ, ғайричашмдошт аз тими мизбон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2 бар 3 шикаст хӯрд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар меҳмонӣ тими «Саройкамар»-и Панҷро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб сохт.

CSKA «Помир»-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз гардид.

Бад-ин тартиб, мубориза барои унвони қаҳрамонӣ миёни ду даста – «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» идома хоҳад кард.

Феълан дастаи «Регар» ТадАЗ бо 36 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Тими «Парвоз» низ чунин миқдор имтиёз ба даст овардааст, вале бозигарони шаҳри Турсунзода се бозӣ камтар анҷом додаанд. Ҳамчунин таносуби тӯбҳои «Регар» ТадАЗ беҳтар аст. Бинобар ин «Парвоз» пас аз рақиби аслиаш, дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст.

Пирӯзӣ ба дастаи «Тоҷиктелеком» имкон дод, ки дар ҷадвал як зина боло шавад. Ҳарду дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа – «Тоҷиктелеком ва «Вахш» 27- имтиёзӣ ба даст овардаанд. Ва танҳо аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Тоҷиктелеком» дар ҷои севвум ва «Вахш» дар ҷои чаҳорум қарор гирифтаанд. Бояд тазаккур дод, ки «Тоҷиктелеком» аз ҳама бештар - 16 бозӣ анҷом додааст.

Тими «Хуҷанд» бо 25 имтиёз аз 15 дидор дар ҷои панҷум мебошад. Дастаи «ХИМА»-и Душанбе, ки ҳамагӣ 13 бозӣ бозӣ кардааст, бо 23 имтиёз дар ҷои шашум мебошад.

Ҳамин тариқ, тимҳои «ХИМА», «Вахш», «Тоҷиктелеком» ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани медали биринҷии мусобиқот талош меварзанд.

Дар сабқати беҳтарин голзанҳои мусобиқот мисли пешин Аббос Абдуллоев, ҳамлагари дастаи «Регар» ТадАЗ дар ҷои аввал мебошад. Вай ҳамагӣ 13 гол ба самар расондааст.

Бозиҳои навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 13-ум ва 14-уми октябр баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG