Пайвандҳои дастрасӣ

Токио таҳримҳои алайҳи Пхенянро тамдид кард


Ҷопон мӯҳлати таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолиро барои шаш моҳи дигар тамдид кард. Дар изҳороти вазорати хориҷаи кишвар гуфта шудааст, ки ин иқдом бо ду омил - барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва мушкилоти музокирот бо Пхенян дар мавриди сарнавишти гаравгонҳои ҷопонӣ бастагӣ дорад. Гурӯҳи шаҳрвандони Ҷопон охирҳои солҳои 70 ва авоили солҳои 80-ум аз сӯи низомиёни Кореяи Шимолӣ рабуда шуданд. Пхенян фақат соли 2002 юм иқрор кард, ки 13 сокини Ҷопонро рабудааст - панҷ нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд ва аммо дигарон, ба иттилоъи мақомоти Кореяи Шимолӣ, аз дунё даргузаштанд. Ва аммо Токио иддао дорад, ки теъдоди рабудашудагон ба карат бештар буд ва далелҳои муътамади ҳалокати онҳоро тақозо дорад.

Як сол пеш, баъд аз санҷишҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, алайҳи ҳамсояи худ таҳримҳо эълон кард. Тибқи ин таҳримҳо, воридоти молҳои тавлиди Кореяи Шимолӣ ба Ҷопон мамнӯъ аст ва киштиҳои Кореяи Шимолӣ иҷозаи вуруд ба бандарҳои ҷопониро надоранд.

XS
SM
MD
LG