Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар муҳокимаи хабарнигорони "Овоза"


Қарор буд, ки имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мурофиъаи додгоҳии хабарнигорон Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова оғоз мешуд.

Вале, чун дар соати муайяншуда даъвогар ба ҷаласаи додгоҳ ҳозир нашуд, раиси мурофиъаи додгоҳӣ Акбаралӣ Сафаров, додгустари додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аввал танаффус эълон намуд ва баъди як соати дигар мурофиъаро ба фардо, 11-уми октябр, мавқуф гузошт.

Гуфта мешавад, тобистони соли ҷорӣ дар асоси даъвои Райҳона Раҳимова, овозхони тоҷик, аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ алайҳи Саида Қурбонова, сардабири собиқи ҳафтаномаи «Овоза», инчунин Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова, хабарнигорони Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, бо иттиҳоми таҳқири шахсият парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
XS
SM
MD
LG