Пайвандҳои дастрасӣ

Окруашвилӣ аз гуфтааш пушаймон шудааст


Ираклий Окруашвилӣ-собиқ вазири дифоъи Гурҷистон иттиҳомоти эъломдоштаи худро бар зидди Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар пас гирифтааст. Вай гуфта буд, раиси ҷумҳур дастур дода будааст, ки як нафар тоҷири машҳурро бикушанд. Ҳоло оқои Окруашвилӣ мегуяд, барои он чунин изҳорот додааст, ки соҳиби обру ва эътибори сиёсӣ шавад. Баъд аз чунин изҳороти зидди раиси ҷумҳур Окруашвилӣ ба иттиҳоми ришвахорӣ зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG