Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз мурофиъаи рӯзноманигорон оғоз хоҳад шуд?


Қарор аст имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мурофиъаи додгоҳи се хабанигори Тоҷикистон оғоз шавад.

Мақомоти тафтишотии ин ноҳия дар асоси даъвои як овозхони эстрадаи тоҷик тобистони соли ҷорӣ алайҳи ин хабарнигорон бо иттиҳоми таҳқири шахсият парванадаи ҷиноӣ боз карда буданд.

Қаблан дар ҷараёни яке аз бозпурсиҳо муфаттиши додситонӣ Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова ба хабарнигорони нашрияи "Овоза" ҳушдор дода буд, ки то поёни таҳқиқ наметавонанд аз қаламрави шаҳр, яъне аз маҳалли зист берун раванд.

XS
SM
MD
LG