Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Толибон дар Покистон кушта шуданд


Низомиёни Покистон мегуянд, ки дар даргириҳои чандруза дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ дар Покистон шуришиёни зиёди ҷонибдори Толибон кушта шудаанд. Ин манотиқ бо Афғонистон ҳаммарз мебошад. Бино ба гуфтаи генерал Воҳид Аршад, дар даригриҳо 130 шуришӣ ва 45 сарбози покистонӣ кушта шудаанд. Генерал Воҳид гуфт, нирҳои давлатиро аз ҳаво ҳавопаймоҳо ҳимоят мекардаанд. Ин амалиёт замоне шуруъ шудааст, ки шуришиён ба нируҳои пиёданизоми Покистон ҳамла бурдаанд. Шуришиёни Толиб ва Ал Қоъида баъд аз суқути режими Толибон дар соли 2001 ба Вазиристони Шимолии Покистон фирор карданд.

XS
SM
MD
LG