Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон дар Питер


Бино ба гузориши пулиси шаҳри Санкт- Петербург, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Рузибой Тоҷиев шоми рузи якшанбеи 7 октябр дар минтақаи Павловский аз суи афроди номаълум бо чандин зарби корд маҷруҳ карда шудааст.

Ба гуфтаи духтурони бемористони шаҳрии рақами 38, Тоҷиев дар утоқи дарёфти ҳуш таҳти назорат аст ва вазъи саломатиаш ҳамчунон сангин мебошад.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора хабари саҳеҳ дар даст нест.

Назари Мирзода - раиси созмони тоҷикони Санкт- Петербург низ гуфт, ки дар беморхонаи 38 шаҳр шаҳрванди маҷруҳи тоҷикистонӣ нест.

XS
SM
MD
LG