Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати «Ени» бо Кашаган мемонад


Нурсултон Назарбоев дар Остона Романо Продиро мепазирад
Нурсултон Назарбоев дар Остона Романо Продиро мепазирад

Дар ҷараёни сафари Романо Проди - нахуствазири Итолиё ба Қазоқистон ва мулоқоташ бо Нурсултон Назарбоев - раисҷумҳури ин кишвар масоили рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар риштаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

Аз ҷумла, сарвари Қазоқистон изҳор кард, ки кишвараш омода аст, дар иқтисоди Итолиё низ сармоягузорӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки алъон сармояи ин кишвари аврупоӣ ба иқтисоди Қазоқистон анқариб 1 миллиард доллар аст. Гардиши колои ҳарду кишвар низ дар 8 моҳи соли равон ба 5,5 миллиард доллар расидааст.

Сарвари Қазоқистон, ба вижа, ҳамкориҳои Қазоқистону Итолиёро дар риштаҳои мошинсозиӣ, сохтмони роҳҳои мошингард, тарҳи тавлиди таҷҳизоти нафту гоз, ҷаҳонгардӣ, риштаҳои кайҳониву ҳавонавардӣ ва низомиву фаннӣ муассир арзёбӣ намуд.

Вале ба андешаи коршиносон, ҳадафи асосии сафари оқои Проди пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти кони нафти Кашаган аст, ки дар он яке аз сармоягузорони ин тарҳ ширкати итолиёвии «Ени» мебошад.

Дар нишасти матбуотие, ки баъди мулоқоти сарони Итолиё ва Қазоқистон доир гардид, Нурсултон Назарбоев иброз дошт, ки қарордоди 10 сол қабл ба имзо расида дар мавриди кони нафти Кашаган мисли пештара бидуни тағйир боқӣ мемонад ва дар ин робита ширкати «Ени» набояд аз Қазоқистон озурда шавад. Назарбоев гуфт, ин ширкат ба ҳукумати Қазоқистон буҷаи навро пешниҳод намуд, ки тибқи он масраф бояд 100 миллиард доллар афзоиш меёфт ва истихроҷи нафтро аз соли 2005 ба 2010 мавқуф гузошт. Ҳукумати Қазоқистон чунин меҳисобад, ки аз ин маблағҳои бузурги дар буҷа зикргардида тарҳҳои стротежӣ ҷиҳати рушди иқтисод ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум халал меёбанд.

Раисҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин зикр кард, ки алъон ҷонибҳо дар ин робита ба музокира шурӯъ кардаанд, вале ба таъкиди сарвари Қазоқистон ҳар сармоягузоре, ки қарордодро риоя накунад, онҳо алайҳи он тибқи қонунҳои кишвар бархурд хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Романо Проди - нахуствазири Итолиё иброз дошт, ки кишвараш ва ширкати «Ени» омодаанд, талабҳои Қазоқистонро ба инобат бигиранд ва дар ин масъала ҷонибҳо ҳама гуна мушкилотро аз тариқи музокирот ҳал хоҳанд кард.

Кони нафти Кашаган воқеъ дар дарёи Хазар яке аз бузургтарин конҳои нафт дар ҷаҳон аст, ки таи сӣ соли ахир кашф гардидааст. Захираи он тибқи ҳисоби мутахассисон 4, 8 миллиард тонна аст ва он бояд таи 40 сол баҳрабардорӣ гардад.

XS
SM
MD
LG