Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Итолиё Остонаро ором кард


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мегӯяд, кишвараш ният надорад, қарордоди коркарди кони нафти Қашаған бо ширкати итолиёии Ениро бознигарӣ кунад. Ин изҳороти Назарбоев имрӯз пас аз мулоқот ӯ бо нахуствазири Итолиё Романо Проди дар Остона садо дод. Ширкати Ени раҳбарии консортсиуми байнулмилалиро дар ӯҳда дорад, ки қарор аст, ин конро дар шимоли Дарёи Хазар мавриди истифода қарор диҳад. Қаблан ҳукумати Қазоқистон таҳдид карда буд, ки ба иллати таъхири тавлидоти тиҷоратӣ ва боло рафтани махраҷ ин қарордодро бознигарӣ хоҳад кард. Сарвазири Итолиё Романо Проди имрӯз дар Остона ҳамчунин бо ҳатмои қазоқи худ Карим Масимов дидор ва гуфтугӯ дошт.

XS
SM
MD
LG