Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи тибби Нобел эълон шуданд


Донишмандони амрикоӣ Марио Капеккӣ ва Оливер Смитис ҳамроҳ бо олими британиявӣ Мартин Эванс барандаи ҷоизаи Нобели соли равон дар соҳаи тиб эълон шуданд.

Рӯзи душанбе дар пажӯҳишгоҳи Каролинаи шаҳри Стоҳкҳолм таъкид шуд, ки кашфиёти олимони мазкур имкон медиҳад, ба воситаи вуруди гени махсус ба тани муш сабабҳои рушди бемориҳои амсоли тасаллуби бофтаҳо муайян гардад. Ҳамчунин пажӯҳиши олимон имкон медиҳад муш ҳамчун намуна дар ташхиси бемориҳои рагҳои дилу асаб, саратон ва марази қанд ё худ дибает мавриди истифода қарор гирад.

Кумитаи Нобел изор намудааст, ки истифодаи гени махсус дар таҳқиқи генҳои зиёд дар сатҳи ҷанинӣ, физиология ва пиршавии инсон кумак мерасонад.

Ҷоизаи тиб яке аз шаш ҷоизаи Нобел мебошад, ки ҳар сол 10 декабр дар рӯзи фавти Нобел ( 1896) тақдим мешавад.

Рӯзҳои наздик барандагони ҷоизаи Нобел дар химия, физика, адабиёт, иқтисод ва сулҳ эълон хоҳанд шуд.

Капеккӣ соли 1937 дар Италия ба дунё омадааст. Феълан ӯ дар онишгоҳи Ютаи шаҳри Солт Лейк Ситии ИМА устоди генетикаи инсон ва биология мебошад.

Смитис соли 1925 дар Британия таваллуд шудааст. Ҳозир ӯ устоди илми патология ва тиби лабораторӣ дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолии ИМА мебошад.

Эванс бошад, соли 1941 дар Британия ба дунё омадаааст. Феълан ӯ раиси донишкадаи улуми биологӣ буда, ҳамчунон ба ҳайси устоди генетикаи ҳайвоноти пистондор дар Донишгоҳи Кардифи Уэлс дарс медиҳад.

XS
SM
MD
LG