Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 8 нафар дар садамаҳои роҳ


Бо сабаби харобӣ ва душворгузарии қисмате аз шоҳроҳи дар ҳоли тармими Душанбе – Хуҷанд як мошини сабукрави «Нива» аз ҷода берун шуда, аз баландии 800 метр ба ҷарӣ сарозер рафтааст. Мақомоти бозрасии автомобилии вилоят таъйид карданд, ки 5 нафар сарнишини ин мошин, бо шумули ронандаи он Шӯҳрат Маҳмудови 30-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳамин ҳол, дар гарданаи Шаршари вилояти Хатлон бар асари як ҳодисаи дигари садамаи автомобилӣ 3 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи мошини сабукрави «Мерседес» Намоз Буйдоқов аз ӯҳдаи идораи мошин дар минтақаи ағбаи Шаршари ҷодаи Душанбе – Кӯлоб намебарояд. Дар натиҷа мошин аз роҳ берун шуда, аз баландии 80 метр ба ҷарӣ меафтад ва бар асари ин садама 3 нафар – ронанда ва ҳамсару духтари шашсолаи онҳо – дар ҷои ҳодиса кушта мегарданд.

XS
SM
MD
LG