Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи Шӯрои амният ба авзоъ дар Мянмар


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид имрӯз қарор аст муносибати худро ба рӯйдодҳои ахири Мянмар мушаххас кунад. Талаби чунин баррасӣ дар Шӯрои амният баъд аз саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти осоишта дар ин кишвар борҳо садо додааст. Тибқи хабарҳо, Шӯрои амният пешнависи қатъномаеро баррасӣ хоҳад кард, ки дар он саркӯб шудани тазоҳурот маҳкум гашта, аз ҳукумати Мянмар тақозо мешавад, таъқибу фишорро қатъ, боздоштшудагон ва маҳбусони сиёсиро озод кунад. Тарҳи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса, мақоми ҳатмӣ надорад, ҳафтаи гузашта, замоне ба миён омад, ки кишварҳои узв гузориши Фиристодаи вижаи СММ дар Мянмар, Иброҳими Қамбариро шуниданд.

XS
SM
MD
LG