Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти академик Мухторов


Муаррихи шинохтаи тоҷик академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ бар асари як бемории тӯлонӣ даргузашт.

Рӯзи якшанбе, қабл аз маросими дафн донишмандони тоҷик ва шогирдони марҳум Аҳрор Мухторов як ҳамоише созмон доданд ва аз хидматҳои арзишманди ӯ ёдовар шуданд. Ду ҳафта қабл Ҳукумати Тоҷикистон барои саҳми муассири бостоншиноси тоҷик ӯро дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик бо ҷоизаи Абӯалии Сино мушарраф гардонид.

Ҷанозаи зиндаёд Мухторов дар оромгоҳи Лучоб, воқеъ дар шимоли ғарбии Душанбе, ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG