Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 16 шӯришии хориҷӣ дар Афғонистон


Форуқ Сангарӣ-муовини фармондеҳи полиси Пактикои Афғонистон гуфтааст, ҳавопаймоҳои нирӯҳои эътилофи байналмиллалии зидди террор, ки барои ҳимоят аз нируҳои амниятии Афғонистон ба маҳали амалиёт хоста шуданд, 16 шуриширо ба қатл расонданд, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Шаш нафари онҳо баъд аз амалиёти рӯзи шанбе боздошт шуданд, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Узбакистон низ ҳаст. Ин шаҳрванди Узбакистон гуфтааст, ҳамаи ононе, ки кушта шудаанд, шаҳрвандони Покистон, Узбакистон ва Чеченистон будаанд. Ҳувияти афроди кушташуда дақиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG