Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Туркия ба Амрико


Раиси поламони Туркия ба Амрико ҳушдор дод, ки тарҳи қонунеро дар бораи қатли оми арманиҳо ба тасвиб нарасонад, дар сурати ғайр муносиботи ду ҷониб хадшадор хоҳад шуд. Коксал Топтан-раиси порламони Туркия дар номае ба Ненсӣ Пелосӣ-раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико навиштааст, дар сурати тасвиби чунин тарҳи қонун даҳсолаҳо зарур хоҳад буд, то пайомадҳои манфии он рафъ шавад. Дар тарҳи қонуни Амрико омадааст, ки дар солҳои 1915-1917 отоманҳои турк якуним милён арманиро ба қатл расондаанд. Вале Туркия онро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG