Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори шаш нафар дар ҳолати ғазаб


Дируз як корманди нируҳои интизомии Амрико дар маҳалли дурафтодаи шимоли Амрико дар аёлати Висконсин дар ҳолати ғазаб аз аслиҳаи худ ба тирандозӣ шуруъ кард. Дар ин тирандозӣ шаш нафар ба қатл расиданд ва як нафар ҷароҳат бардошт. Кормандони дигари интизомӣ барои пешгирӣ аз ин ҳодиса уро ҳадафи тир қарор доданд. Дар бораи сабабҳои ин тирандозӣ маълумот дода намешавад.

XS
SM
MD
LG