Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имруз ҷоизаи беҳдоштии Нобел эълон мешавад


Имруз дар Стокҳолм-пойтахти Суэд барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши беҳдошт эълон хоҳад шуд. Дар миёни ононе, ки барои дарёфти ин ҷоиза номзад шудаанд, донишмандони Амрикоӣ низ ҳастанд. Онҳо моддаеро ихтироъ карданд, ки барои муъолиҷаи бемории саратон ва солмандӣ кашфиёти нав ба шумор меравад. Номзади дигаре, ки эҳтимолан вай низ метавонад яке аз барандагон бошад, донишманди Бритонёист, ки генҳои изи ангуштонро муайан кард ва ҳоло барои пайдо кардани ҷинояткорон хеле кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG