Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари сарвазири Итолиё ба Қазоқистон


Романо Продӣ-нахуствазири Итолия барои гуфтугу бо раиси ҷумҳури Қазоқистон, нахуствазир ва соҳибкорони ин кишвар вориди Остона шудааст. Ҳадафи боздиди нахуствазири Итолиё аз Қазоқистон ҳалли масълаҳоест, ки миёни давлати Қазоқистон ва ширкати нафтии Энии Итолё ба вуҷуд омадааст. Энӣ дар чоҳи нафти Қашағани Қазоқистон воқеъ дар шимоли Дарёи Хазар ба насби таҷҳизот ва омодагӣ ба истихроҷи нафт машғул буд. Вале аз соли 2005 ба ин су чанд дафъа истихроҷи нафтро ба таъхир андохт ва нархиҳоро боло бурд. Ҳукумати Қазоқистон фаъолияти ширкати Эниро боздошт ва таҳдид кард, ки қарордод бо ин ширкатро бекор мекунад.
XS
SM
MD
LG