Пайвандҳои дастрасӣ

Чехия нируҳои худро аз Ироқ фаро мехонад


Карел Шварзенберг-вазири хориҷаи ҷумҳурии Чех аз тариқи телвизюни кишвари худ изҳор дошт, ки ҷумҳурии Чех нируҳои худро тадриҷан аз Ироқ фаро хоҳад хонд. Ин нируҳо дар таркиби нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар Ироқ мустақар шудаанд. Шварзенберг гуфт, вазорат нақшаи хуруҷи нируҳоро таҳия мекунад. Аммо вай дар бораи ҷадвали замонии хуруҷи нируҳо чизе нагуфт. Ҳоло ҳудуди сад нафар низомиёни Чех дар Ироқ хидмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG