Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анкара мухолифи қатъномаи генотсиди арманиҳост


Раиси парламенти Туркия ҳушдор додааст, ки тасвиби қатънома дар мавриди куштори дастаҷамъии арманиҳо ба равобити миёни Туркияву ИМА таъсири манфӣ мегузорад.

Раиси парламенти Туркия Коксал Топтан дар паёме ба раиси Маҷлиси Намоядагони Конгресси ИМА хонум Ненсӣ Пелосӣ навиштааст, барои муолиҷаи таъсири манфии ин қатънома солҳои тӯлонӣ зарур хоҳад шуд. Дар қатъномаи куштори дастаҷамъӣ ё худ генотсид гуфта мешавад, ки дар байни солҳои 1915-1917 туркҳои усмонӣ дар ҷараёни кушторҳои муназзам беш аз яку ним миллион арманиро ба қатл расондаанд. Туркия ин айбномаро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG