Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Мянмар боз 78 каси дигар ҳабс шуд


Сарфи назар аз танқиди саросарӣ ва эҳтимоли таҳрими нави Мянмар низомиёни ҳокими ин кишвар эълон карданд, ки дар иртибот бо эътирозҳои ахир 78 нафари дигар боздошт шудааст.

Ҳамин тариқ режими низомиёни Мянмар эътироф мекунад, ки шумораи умумии боздоштшудагон ба як ҳазор нафар баробар аст. Аммо гурӯҳҳои дигарандеш ва ҳукуматҳои хориҷӣ исрор меварзанд, ки дар Мянмар дар ҷараёни таъқиби эътирозҳои моҳи гузашта беш аз шаш ҳазор нафар боздошт шуданд.

Раҳпаймоиҳои моҳи гузашта бузургтарин эътирози бист соли ахир бар зидди режими низомиён мебошад, ки 45 сол инҷониб зимоми қудрат дар Мянмарро ба дасти худ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG