Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳафтаи оянда тарроҳи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавйер Солана бо мақсади арзёбии ҳамкориҳо дар соҳаи инержӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва масъалаҳои дигар ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Дар ҷараёни боздиди серӯза, ки душанбеи 8-уми октябр оғоз меёбад, ӯ аз Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дидор хоҳад кард. Гуфта мешавад, сафари Солана ба Осиёи Марказӣ кӯшиши таҳкими равобити Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои минтақа аст, ки баъди тасвиби стратегияи ин иттиҳодия дар Осиёи Марказӣ як давраи сукути нисбиро аз сар мегузаронад.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хонум Кристина Галах, сухангӯи идораи Солана, гуфт: «Барои мо беҳтарин имкони нишон додани аҳамияти минтақа ва таҳкими муколамаи стратегӣ ин дидори бевосита аз минтақа аст. Солана се кишварро бо чанд сабаб ихтиёр намуд. Мо бо сафири Узбакистон дар Ню-Йорк мулоқот карда будем. Сониян, мо ба таври муназзам бо президенти Тоҷикистон иртибот дорем».

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафар масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва мубориза бо тиҷорати маводи мухаддир баҳс мешавад ва Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад бо ин минтақаи саршор аз маводи сӯхт иртиботи мустақим дошта бошад.

Дар ҳоле, ки бунёди лӯлаи гази табиъии Туркманистон – Аврупо тавассути хоки Озарбойҷон ҳанӯз ҳам танҳо дар рӯи мизи тарҳрезон аст, иттиҳодия нақша дорад, ки бо сохтани як хатти лӯла газро тавассути Туркия ба Австрия интиқол диҳад.

Масъалаи дигари муҳим. 90 дарсади маводи мухаддире, ки дар Аврупо фурӯхта мешавад, дар Афғонистон истеҳсол шудааст ва миқдори зиёди он ба воситаи Осиёи Марказӣ ба Аврупо содир мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои ин минтақа ҳам чун Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдори тағйири вазъ дар ин самт мебошанд.

3-вуми октябр ҳангоми суҳбат бо аъзои Кумитаи равобити байнулмилалии Парламенти Аврупо Ҳавйер Солана гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар эҳёи назму суботи Афғонистон ба мамолики ғарбӣ кумак расонанд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Мубориза бо тиҷорати маводи мухаддир пояи асосии стратегияи таҳкими назму суботи Афғонистон аст».

Дар ҳамин ҳол коршиносон худдории оқои Солана аз боздиди Узбакистонро нишондиҳандаи мушкилот ва ҳатто бунбаст дар роҳандозии муколамаи Иттиҳодияи Аврупо бо ҳукумати Ислом Каримов меноманд. Аз тарафи дигар, мансабдорони аврупоӣ ба тағйири мавқеи Туркманистон ишора карда мегӯянд, ки Туркманистон метавонад дар муддати кӯтоҳе ба яке аз муҳимтарин шарикони Иттиҳодия табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG