Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силоҳи русӣ бо нархи дохилирусӣ аммо на барои ҳама


Кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз ин баъд метавонанд силоҳу техникаи низомии тавлиди Русияро бо қимати дохилирусӣ харидорӣ кунанд.

Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, баъд аз анҷоми нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин нишаст раҳбарони давлатҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумла зери аснод дар бораи фаъолияти нерӯҳои посдори сулҳ ва роҳу василаи кумаки низомиву техникӣ ба кишварҳои узв, ки мавриди таҷовуз қарор мегиранд, имзо гузоштанд.

XS
SM
MD
LG