Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни Шанирақ маҳкум шуданд


Додгоҳи шаҳри Алмаато шоир Арон Отабекро дар созмондиҳии беназмиҳо дар шаҳри Шанирақ муҷрим дониста ба муддати 18 сол ва Қурмонғозӣ Отегеновро дар куштори як пулис гунаҳгор шуморида ба 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ду нафари дигар мутаносибан 15 ва 14 солӣ маҳкум ба зиндон гардиданд. Бист нафари дигар ба муддати 1 солӣ шартан аз озодӣ маҳрум шуданд.

Соли гузашта ағлаби манозили бунёдкардаи мардум дар бархе аз маҳаллот ғайриқонунӣ ҳисобида шуд ва ҳукумат тақрибан 400 хонаро тахриб кард. Беш аз сесад хона бидуни ҳукми додгоҳ хароб карда шуда буд.

Сокинони Шанирақ мегӯянд, агар мардум тобистони соли гузашта ба ҳимояи манозили хеш барнамехост, дар Шанирақ низ чун дар Бакай хонаҳои мардум ба хок баробар мегардид. Аз ин хотир,онҳо мегӯянд, гуноҳ надоранд ва бояд онҳоеро ба додгоҳ кашид, ки бидуни ҳукми додгоҳ худсарона одамонро хонавайрон кардаанд.

XS
SM
MD
LG