Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Путин нишони олии Тоҷикистонро доданд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар охирин рӯзи сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон дараҷаи аввали нишони Исмоили Сомониро ба ӯ эҳдо кард.

Сарвари Тоҷикистон дар маросими мукофотсупорӣ дар суханронии худ хидмати В. Путин дар таҳкими ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Русияро зикр намуд.

Дар суханронии ҷавобиаш раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард, ки "Русия зомини амнияти Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад".

XS
SM
MD
LG