Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона 5 нафарро ба қатл расонид


Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, як бомбгузори маргталаб болои корвони низомии ИМА ҳамла карда, ҳадди ақалл 1 сарбози амрикоӣ ва 4 афғони мулкиро ба қатл расонид.

Дар ҳамин ҳол ҷунбиши исломии Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Ин севумин ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобул дар давоми ҳашт рӯзи ахир аст.

Гуфта мешавад, дар ду ҳамлаи интиҳории қаблӣ ба нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистон беш аз 40 кас кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG