Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйҳои мардуми Укроинро пурра ҳисоб карданд


Дар Укроин ҳисобу китоби раъйҳо дар интихоботи парлумонӣ поён ёфт.

Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихобот, Ҳизби манотиқи сарвазир Виктор Янукович бештар аз 43 %, Эътилофи Юлия Тимошенко 30 %, Эътилофи Укроини мо андаке бештар аз 14 %, Ҳизби коммунист беш аз 5 % ва Эътилофи Литвин тақрибан 4 %-и раъйҳоро соҳиб шудаанд.

Эътилофи Юлия Тимошенко ва Ҳизби “Укроини мо” – ду ниҳоди ғарбгаро, ки дар маҷмӯъ аз пуштибонии беш аз 45 %-и мардуми соҳиби ҳаққи раъй бархурдор шудаанд, ба музокирот оид ба таъсиси эътилофи ҳукмрон дар Верховная Рада шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG