Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон ва Туркманистон имзо накарданд


Раҳбарони Гурҷистон ва Туркманистон зери консепсияи рушди Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ имзо нагузоштанд.

Ин санад, ки дар он роҳҳои аслии ҳамкории кишварҳои ҳамсуд барои солҳои наздик мушаххас шудааст, дар нишасти сарони кишварҳои Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе аз сӯи аксари раисони ҷумҳуриҳо пазируфта шуд.

Ва аммо Михаил Саакашвили – раисҷумҳури Гурҷистон аз имзои санад сарпечӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ, кишвараш аз меъёрҳои мусбати Ҷомеъаи давлатҳои ҳамсуд бархурдор нест.

Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев эълом дошт, ки дар бархе аз нуктаҳои консепсия назари вижа дорад.

Дар нишасти сарони Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштарак дар бораи муҳоҷират пазируфта шуд.

XS
SM
MD
LG