Пайвандҳои дастрасӣ

СММ раҳбарони Мянмарро сарзаниш кард


Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги Мун истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургарони осоишта дар Мянмарро "зишт ва ғайриқобили қабул" хонд. Бан Ги Мун ҳангоми суханронӣ дар нишасти Шӯрои Амният дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Мянмар ибрози нигаронӣ кард.

Вай аз раҳбарони низомии ин кишвари воқеъ дар Ҷанубушарқи Осиё хост, барои демократисозӣ ва риояти ҳуқуқи башар тадобири ҷасурона биандешанд. Иброҳим Қанбарӣ фиристодаи Созмони Милал, ки аз Мянмар бозгаштааст доир ба авзоъ дар ин кишар ба Шӯрои Амният гузориш дода ва ба раҳбарони низомии Мянмар ҳушдор дод, ки саркубии тазоҳургарон аз сӯи онҳо метавонад аксуламалҳои ҷиддии байналмилалиро дар пай дошта бошад.

XS
SM
MD
LG