Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сарбози Бритониё дар Афғонистон


Дар Афғонистон бар асари таркиши бомбе, ки дар канори роҳ ҷогузорӣ шуда буд, як сарбози бритониёӣ ҳалок шудааст ва нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико дар шарқи ин кишвар чандин ҷанҷгӯи Толибонро куштанд. Сарбози бритониёӣ рӯзи панҷшанбе дар вилояти Ҳилманд ҷони худро аз даст додааст ва ду ҳамроҳи у низ маҷрӯҳ шудаанд. Аммо амалиёти нерӯҳои эътилофӣ дар паноҳгоҳи Толибон дар вилояти Пактико сурат гирифтааст ва чандин тан аз онҳо кушта шудаанд. Дар натиҷаи тахриби паноҳгоҳи аъзои Толибон ҳамчунин як зану як кӯдак ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG