Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 25 ҷангҷӯйи шиъамазҳаб дар Диёло


Низомиёни Амрико гуфтанд, ки бо ҳимояти ҳавопаймоҳо дасти кам 25 ҷангҷӯёни гуруҳи шибҳанизомиёни шиъа дар ноҳияи Диёлои Ироқро куштанд. Дар ин амалиёт нерӯҳои амрикоӣ фармондеҳи гурӯҳро ҳадаф гирифтаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз Ирон силоҳ қочоқ мекард. Нерӯҳои пулис ва шоҳидон гуфтанд, ки нерӯҳои Амрико батакрор шаҳри Холисро бомборон карданд. Ба гуфтаи онҳо дар бомборон чандин хона хароб шуда ва ғайринизомиён ҳам кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG