Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости мухолифини Покистон рад шуд


Додгоҳи Қонуни Асосии Покистон дархости расмии аҳзоби мухолифи давлат дар мавриди ба таъхир андохтани интихоботи раёсати ҷумҳур дар ин кишварро рад кард.

Аммо бар асоси ҳукми додгоҳ пирӯзи интихобот то замони хотимаи баррасии тамоми шикоятҳо доир ба ҳаққи ширкати раиси ҷумҳури кунунӣ Парвиз Мушарраф дар интихобот эълом набояд шавад. Қарор аст, интихобот фардо, 6 октябр баргузор гардад. Бисёриҳо интизор доранд, ки Парвиз Мушарраф дар интихоботи рӯзи шанбе пирӯз шуда ва як панҷсолаи дигар дар сари қудрати Покистон мемонад.

Ва имрӯз Парвиз Мушарраф фармони оштиро имзо кардааст, ки роҳро барои тақсими қудрат бо нахуствазири собиқ Беназир Бҳутто боз месозад. Бар асоси ин фармон, тамоми сиёсатмадорони фаъол дар солҳои 1988 то соли 1999 дар Покистон авф мешаванд, ки Беназир Бҳутто дар миёни онҳо низ ҳаст ва ба фасодкорӣ муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG