Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримовро ба номзадӣ пешбарӣ карданд


Дар Узбакистон панҷ ҳизби сиёсӣ ба таври расмӣ сабти ном шудаанд ва яке аз ин ҳизбҳо бо номи Ҳизби либерал-демократи Узбакистон номзадии Ислом Каримов - раисҷумҳури ин кишварро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кардааст.

Номзадии вайро бояд моҳи ноябр кунгураи ҳизби мазкур бипазирад.

Бо вуҷуди чунин пешниҳод, Ислом Каримов ҳамчунон хомуш аст ва дар бораи ширкати худ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG