Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти вузарои умури хориҷии ИДМ


Вазирони умури хориҷии ИДМ қабл аз мулоқоти имрӯзашон акс гирифтанд

Ҳамоҳангии сиёсати кишварҳои ИДМ дар қиболи муҳоҷират аз мавзӯъоти муҳимми нишасти вузарои умури хориҷаи ин кишварҳо унвон шудааст.

Ин нишаст пас аз зӯҳри имрӯз, 4 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Сараввал, вазирони умури хориҷӣ нишасти хосса доштанд ва баъдан он бо иштироки ҳайъатҳои васеъ идома ёфт.

Дар феҳрасти масоиле, ки дар ин нишаст матраҳ мешаванд, ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти кӯмакҳои башарӣ, амният ва ғайра наившта шудаанд.

Пас аз анҷоми нишаст дар назар аст, вазирони хориҷии кишварҳои ИДМ ба назди хабарнигорон баромада ба суолҳои онҳо посух гӯянд.

XS
SM
MD
LG