Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳурони Тоҷикистону Туркманистон вохӯрданд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар оғози нахустин сафари расмии худ ба Тоҷикистон ба симмати раисҷумҳури Туркманистон, бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод.

Дар ин вохурӣ масоили марбут ба густариши муносиботи миёни ин ду кишвар баррасӣ шудааст.

Пас аз зӯҳр, дидори раисҷумҳури туркман бо Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагон дар назар аст. Вай ҳамчунин дар шаҳри Душанбе бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар нисор ва аз корхонаи алюминиюми Турсунзода, Қалъаи Ҳисор ва як воҳиди кишварзии ин минтақа боздид мекунад.

Ҳамчунин, интизор меравад, пас аз гуфтушунидҳои ҳайъатҳои ҳарду ҷониб пас аз зӯҳри имрӯз 9 санади ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG