Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушунидҳои пурбори ду Корея


Роҳ Му Ҳун, раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ, имрӯз гуфт, ки аз натоиҷи музокирот бо раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Чен Ир қаноатманд аст.

Иттилоъ дода мешавад, ки нишасти сарони Кореяи шимолӣ ва Кореяи ҷанубӣ дар Пхенян, пойтахти Кореяи шимолӣ, рӯзи панҷшанбе поён меёбад.


Ким Чен Ир, раҳбари Кореяи шимолӣ, гуфт, ки гуфтушунидҳо пурбор идома доранд ва дар вақти муқарраршуда анҷом меёбанд.


Гуфта мешавад, ин дидори расмӣ нахустин нишасти сарони ду кишвар дар 7 соли ахир ва дуввумин аз замони тақсими Корея баъди ҷанг дар солҳои паҷоҳуми қарни гузашта аст.
XS
SM
MD
LG