Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба фирориёни ироқӣ сарпаноҳ медиҳад


Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст то охири сол ба тақрибан 12 ҳазор фирории ироқӣ сарпаноҳ диҳад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки Вошингтон моҳҳои ахир аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи башар барои он ҳадафи танқид қарор дода мешавад, ки ба теъдоди басо ками ироқиҳо иҷозаи иқомат дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро додааст.


Ба иттилоъи расмӣ, тайи як соли ахир ҳамагӣ 1600 тан аз паноҳандагони ироқӣ барои иқомат дар Амрико иҷоза гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG