Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суғд: орди тоҷикӣ аз гандуми қазоқӣ


Дар ҳоле, ки нархи орд дар ҳама манотиқи кишвар хеле боло рафтааст, зоҳиран дар вилояти Суғд илоҷи масъаларо ёфтаанд. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови фурӯши орди истеҳсоли корхонаи орди шаҳри Қайроққуми ин вилоят ба роҳ монда шудааст. Гуфта мешавад, ин корхона бо коркарди гандуми аз Қазоқистон воридшуда барои мардум маҳсулоти нисбатан арзонеро пешкаш мекунад, ки сифати он ҷавобгӯи талаботи истеъмолкунандагон аст.


Чунонки дар дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, феълан як халта орди 50-килоии навъи якуми истеҳсоли ин корхона бо нархи 90 сомонӣ фурӯхта мешавад ва ин дар ҳолест, ки дар бозорҳо ҳамин миқдор орди навъи якум бо қимати 120 сомонӣ фурӯхта мешавад.


«Танҳо дар ҳафтаи ахир аз Қазоқистон ба вилоят 3 000 тонна гандум ворид карда шудааст ва дар рӯзҳои наздик ворид кардани боз 6 000 тонна гандум дар назар аст, - гуфт як масъули ҳукумати вилоят ва афзуд. - Ташкили чунин бозорҳои фурӯши орди нисбатан арзон дар манотиқи дигари вилоят низ дар назар гирифта шудааст. Ба ин мақсад феълан орди Қайроққум ба ба шаҳри Табошар ва навоҳии Ашту Зафарободи вилоят фиристода шуд».


Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдуваҳҳоб Ҳомидов, мудири шуъбаи савдои шаҳрдории Хуҷанд, дар давоми танҳо ду рӯз ба аҳолии маркази вилоят аз ин орд бештар аз 150 тонна фурӯхта шуд.
XS
SM
MD
LG