Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи нави радиои Озодӣ


Ассалому алейкум, ёрон! На, Шумо иштибоҳ накардед. Ин ҳамон сомона аст ва тавре мебинед, нишонии он (www.ozodi.tj (ozodi.org) низ дигар нашудааст. Фақат "хона" нав шуд ва ба "хона"-и нави интернетии худ хуш омадед!

Ин хона аз ҳамон хишти куҳани сомонаи мо бино шуд, ки нахустин бор дар моҳи ноябри соли 2000 ба нашр расида буд. Фарқ танҳо ин аст, ки "хона"-и нави мо ҷиҳози бештару навтару рангинтар дорад ва умедворем, Шумо худро дар он роҳат ҳис хоҳед кард. Онгуна ки мебинад, истифодаи сомона низ ба маротиб осонтар шудааст.

Сафҳабандии нав бар замми дар мобайн ҷой додани тозатарин ва муҳимтарин хабари рӯз дар тарафи чап раддабандие дорад, ки бо як "клик" шуморо ба ҳуҷраҳои дигари хона, монанди "Хабарҳо", "Тоҷикистон", "Минтақаҳо", "Ҷаҳон", "Сиёсат", "Иқтисод", "Ҷавонон" ва "Фарҳанг" мебарад ва агар аз он ҷо баргаштанӣ будед, фишор рӯи вожаи "Хона" дубора Шуморо ба ин ҷо меорад. Дар паҳлуи рост сархатти ҳамаи хабарҳои охирин бо ишора ба соату дақиқаи нашри онҳо ҷой дода шудааст ва ба воситаи он ҳамчунин ба бойгонии ахбор низ ворид хоҳед шуд. Дар зери он хабарҳо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нашр мешаванд, ки таъсиси ин гӯша баёнгари таваҷҷӯҳи бештари мо ба шаҳру деҳи кишвар хоҳад буд.

Дар қисмати чап зери раддабандӣ пайвандҳоеро ба Подкаст ва RSS мебинед, ки фанновариҳои тоза мебошанд ва нармафзорҳои ҷустуҷӯ, дарёфт, гирдоварӣ ва раддабандии иттилоъ мебошанд. Шеваи истифода аз ин фанновариҳо нахустин бор ба забони тоҷикӣ дар пассафҳаи ин пайвандҳо қаламдод шудааст. Бартарии дигар ин аст, ки Шумо на танҳо хоҳед тавонист бойгонии хабар ва забти барномаҳоро рӯз ба рӯзу сол ба сол ин ҷо дарёфт кунед, балки инчунин ҷадвали барномаҳои фардо, ҳафтаи оянда, моҳҳои ояндаро низ дар даст хоҳед дошт. Забти барномаҳо акнун дар се шаклбандии садоӣ дар хидмати Шумо гузошта хоҳад шуд.

Навгонии дигар ин аст, ки дар сари ҳар матлаб нишонии почтаи электронии муаллифи он ва дар зери матлаб ҷойгоҳи махсусе мавҷуд хоҳад буд, ки имкони изҳори андеша ё ба Майдони баҳс кашидани мавзӯъ ва ё мақолаи мазкурро фароҳам меоранд. Шумо ҳамчунин дар пассафҳа аксу ҳолномаи муаллиф ва номгӯи навиштаҳои ахири ӯро дида метавонед. Бояд гуфт, бартариҳои сомонаи нав хеле зиёданд ва Шумо батадриҷ аз онҳо огаҳӣ хоҳед ёфт. Асли матлаб ин аст, ки сомонаи мо боз ҳам ҷиддитару ҳирфаитар, осонкору шавқангезтар ва пурмӯҳтавотар шуда, ба хонандагон барои ширкат дар кори он имконияти васеътар хоҳад дод. Ба ибораҳои дигар, ин комилтарин сомонаи тоҷикии садаи 21 ва бархӯрдор аз тозатарин имкониятҳои фаннии шабакаи ҷаҳонӣ хоҳад буд, ки бисёр ҷанбаҳои он бори аввал ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи кириллӣ омода шудаанд.

Манзури мо аз ибораи "хишти куҳан" ин аст, ки ҳамаи маводи сомонаи қаблии мо дар бойгонии ҳамин сомона маҳфуз мебошанд ва метавонанд бо ҷустуҷӯ дарёфт шаванд.

Зодрӯзи сомонаи нави Бахши тоҷикии радиои Озодиро ба ҳамаи Шумо муборак мегӯем ва орзу мекунем, ки он ба Шумо писанд ояд.
XS
SM
MD
LG