Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё аз Басра хориҷ мешавад


Гордон Браун - нахуствазири Бритониё изҳор доштааст, ки то поёни соли ҷорӣ ҳудуди ҳазор низомии кишвараш аз Ироқ хориҷ хоҳанд шуд.


Вай баъд аз мулоқоташ бо Нурӣ ал-Моликӣ - нахуствазири Ироқ дар Бағдод гуфт, ба бовараш баъд аз ду моҳи дигар амнияти вилояти Басраро комилан мешавад дар ихтиёри нируҳои Ироқ вогузор кард.


Ин нахустин сафари Гордон Браун ба Ироқ дар мақоми нахуствазири Бритониёст.


Низомиёни Бритониё аслан дар фурудгоҳҳо ва атрофи шаҳри Басра мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG