Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳои Узбакистон


Узбакистон дар Маҷмаъи умумии СММ аз наҳваи тақсими манобеъи обӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард.

Владимир Норов - вазири хориҷаи Узбакистон дар баробари намояндагони кишварҳои дигар дар ин маҷмаъ суханронӣ кард ва гуфт, масъалаи тақсими об дар Осиёи Марказӣ беш аз пеш нигарониҳои Узбакистонро ба бор овардааст. Вай дар оғози суханрониаш чунин гуфт:

"СММ нақши вижаеро бар душ дорад, яъне расидан ба ҳалли вазоифи пешбинишуда, аз ҷумла пайдо кардани роҳҳои ҳалли одилона ва қобили кабули дастрасӣ барои истифода ва тақсими сарватҳои табиӣ".

Вазири хориҷаи Узбакистон дар идомаи суханонаш афзуд, дар шароити кунунӣ истифодаи боақлонаи захоири табиӣ, ба вижа захоири обиву энержӣ аз масъалаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад. Вай гуфт:

"Бархурдҳои гуногун ва номафҳум ё чандпаҳлу ба ин масъала садди пешрафт мешавад, муноқиша ба бор меорад ва гоҳо ба фоҷеъаи зистмуҳитӣ сабаб мешавад. Намунаи он сарнавишти баҳри Арал аст".

Владимир Норов изҳор дошт, ки хушкидани Арал на танҳо барои аҳолии сокинони ҳавзаи Арал, балки фаротар аз он зарар меорад. Вай дар бораи рудхонаҳои фаромарзӣ суҳбат кард, ки садсолаҳо ба мардумони минтақа об додаанд ва сарзминҳоро дар имтидои худ шодоб сохтаанд. Вай дар бораи бархурди кишвараш ба сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар чунин рудхонаҳо гуфт:

"Ҷумҳурии Узбакистон бар ин ақида аст, ки ҳалли ҳамаи масъалаҳои марбут ба истифодаи оби рудхонаҳои фаромарзӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои энержии обӣ, бояд ҳеҷ гоҳ ба муҳити зист зарар наорад ва ба манофеъи аҳолии кишварҳои ҳамсоя латма назанад".

Вазири хориҷаи Узбакистон изҳор дошт, ки истифодаи оқилонаи об дар муқовиланомаи 25 феврали соли 1991-и СММ ва асноди дигари ин созмон низ таъкид шудааст. Оқои Норов гуфт, дар сурати ворид омадани зарар ба манфиати кишвари дигаре бояд ҷуброни зарар пардохт шавад.

Гарчӣ вай дар ин замина аз кишваре ном набурд ва нагуфт, ки чӣ кишваре ба сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар рудхонаҳои фаромарзӣ машғул аст, вале бо ишора ба кишварҳои сармоягузор таъкид кард, ки онҳо бояд масъалаҳои зистмуҳитии минтақаро дар назар бигиранд ва онро риоят кунанд.
XS
SM
MD
LG