Пайвандҳои дастрасӣ

Фардои Мянмар дар ҷангал ҳал мешавад?


НХ

Назар ба гузоришҳои ахир аз Мянмар, раҳбари низомии ин кишвар генерал Тҳан Шве мулоқот бо фиристодаи хоси СММ-ро то рӯзи сешанбе ба таъхир гузошт. Имрӯз фиристодаи СММ Иброҳим Қамбарӣ ба пойтахти нави Мянмар Найрийидав, воқеъ дар ҷангали дурдаст, сафар кард, то бо Шве гуфтушунид намояд.


Қамбарӣ мехоҳад ба раҳбарони низомии Мянмар тақозои байнулмилалии қатъи таъқиби гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони демократияро матраҳ кунад.


Рӯзи якшанбе Қамбарӣ бо як идда вазирон ва ҳукумати низомии Мянмар дидору гуфтугӯ дошт. Ҳамчунин ӯ дар шаҳри Янгун як мулоқоти кӯтоҳ бо раҳбари мухолифин хонум Аунг Сан Суу Кӣ доир намуд.


Гуфта мешавад, барандаи ҷоизаи Нобел Аунг Сан Суу Кӣ чанд сол боз дар ҳабси хонагӣ мебошад. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоиҳои нав дар кӯчаҳои Янгун нерӯҳои мусаллаҳ мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG