Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвоз ба Душанбе бо таъхири як соат


Субҳи сешанбеи 2-вуми октябри соли 2007 ҳавопаймои мусофирбари Ту-154 бо шумораи парвози 9114 хати сайри Хуҷанд - Душанбе, ки мебоист дар соати 8:30 парвоз мекард, пас аз як соати таъхир ниҳоят ба самти Душанбе ба парвоз даромад. Масъулини парвоз иллати таъхирро мушкилоте дар ҷобаҷо кардани бағоҷҳо унвон карданд.


Асли кор ин буд, ки ҳатто ним соат пас аз таъхири парвоз ҳанӯз бор кардани боғоҷҳо дар қисмати бори ҳавопаймо ба охир нарасида буд. Пас аз пур шудани қисмати бори ҳавопаймо ҳанӯз аробаи пур аз баставу ҷаъбаҳое, ки ба мусофирони ин парвоз тааллуқ надошт, беруни ҳавопаймо монд.


Ниҳоят бо дастури масъулини фурудгоҳи Хуҷанд коргарони фурудгоҳ бастаҳои боқимондаро аз қисмати вурудӣ ва дари изтирорӣ вориди солуни ҳавопаймо карданд ва бар рӯи сандалиҳои холии мусофирон ҷой доданд.


Ҳавопаймои Ту-154 саранҷом пас аз 1 соату 10 дақиқаи таъхир ба самти Душанбе б а парвоз даромад. Соате баъд ниҳоят мусофирони хаставу асабонӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз ҳавопаймо пиёда шуданд.


Дар тамосе, ки бо масъули фурудгоҳи Душанбе доштем, эшон дар робита ба таъхири ин парвоз изҳори беэтилоъӣ карданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG