Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри шумораи аввали «Фарҳанг ва ҳунар»


Бо дастгирии молии Институти Ҷомеаи Боз шумораи нухустини маҷаллаи илмию оммавии «Фарҳанг ва ҳунар» аз чоп баромад.


Дар шумораи якуми маҷалла мақолаҳо оид ба таърихи фарҳанги тоҷикон, марҳилаҳои муҳими рушди санъат, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ, хазинаи осорхонаҳо ва ғайра чоп шудааст. Дар шумораи аввали маҷалла зери бахшҳои «Мусиқӣ», «Кино», «Рақс», «Олами китоб», «Расму оинҳо», «Санъати тасвирӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ» мақолаҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ҷой дода шудаанд.



Ҳамоҳангсози Барномаи фарҳангии ИҶК Гуландом Набиева гуфтааст, маҷалла ҳар се моҳ ба забонҳои тоҷикиву русӣ чоп мешавад. Он аз 40 саҳифа иборат буда, теъдоди нашраш 500 нусха аст. Маҷалла ба китобхонаҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ бепул тақсим хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG