Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Янукович дар интихобот пешсаф аст


рҷ

Кумисюни марказии интихоботи Укроин дар сомонаи интернетии худ навиштааст, бештар аз 90 дарсади раъйи интихобкунандагон шумурда шудааст ва Ҳизби минтақаҳо ба раҳбарии нахуствазир Виктор Янукович бо 33, 72 дарсад пешсаф аст.


Блоки Юлия Тимошенко, ки аз Ғарб ҷонибдорӣ мекунад, бо 31, 11 дарсад дар мақоми дуввум ва ҳизби раисҷумҳур Виктор Юшенко бо 14,45 дарсади ороъ мақоми севвумро ишғол мекунанд.


Ҳайати нозирони САҲА дар Укроин, ки бар ҷараёни интихбот назорат мекард, изҳор доштааст, ки ин интихобот дар фазои боз ва рақобати нируҳо баргузор шудааст. Дар эъломияи муқаддамотии ин созмон омадааст, раъйдиҳандагон имкони интихоби номзадҳо ва ҳизбҳои худро доштаанд ва ба ҳақи интихоби онҳо эҳтиром қоил шудаанд.


Дар ҳамин ҳол, Амрико гуфтааст, ки омода аст, бо ҳар ҳукумате дар Укроин ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG