Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами таърихии раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ


hs

Роҳ Му Ҳун - раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ минтақаи марзӣ бо Кореяи Шимолиро пиёда гузашт.


Дар марзи миёни ин ду кишвар нируҳои мусаллаҳи ҳар ду ҷониб мустақар шудаанд. Раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ дар Пиёнянг дар мулоқот бо Ким Ёнг Ил, раисҷумҳури Кореяи Шимолӣ ширкат мекунад.


Роҳ Му Ҳун гуфт, вай мехоҳад дар ин мулоқот, ки то 4-уми октябр давом мекунад, ҷонибҳо ба масъалаҳои сулҳи ду ҷониб таваҷҷуҳ кунанд.


Баъд аз муноқишаи солҳои 1950-1953 муносиботи ин ду кишвар хуб нест. Роҳ Му Ҳун мехоҳад ин мухолифатҳо хотима ва ҳамкориҳои иқтисодӣ густариш ёбад.
XS
SM
MD
LG