Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри «Эроннома» дар Қазоқистон


Ахиран дар Қазоқистон бо кӯшиш ва талоши донишманди шинохтаи тоҷики муқими ин кишвар Сафари Абдуллоҳ маҷаллаи нави илмие бо номи «Эроннома» нашр гардид.

Ба гуфтаи ин ховаршинос, вай чандин сол ба ин тараф орзу дошт, ки чунин маҷаллаи русие дар бораи илму фарҳанги эронӣ нашр кунад, вале то имсол мушкилоти молӣ даст намедод, ки ӯ ин орзуи хешро амалӣ созад.

Ва инак, бо ёрии молии Ройзании фарҳангии Ҷумхурии исломии Эрон дар Қазоқистон ниҳоят ин талоши донишманд бор овард ва чунин як маҷалла ба дӯстдорону алоқамандони илму фарханги эронӣ пешкаш гардид.

Дар бораи ҳадафхои дунболкардаи маҷаллаи «Эроннома» ва муҳтавову мавзӯъҳои он сардабири он Сафари Абдуллоҳ мегӯяд: «Ҳадафи аслии маҷалла ин аст, ки дар чанд соли ахир, ба вижа баъд аз фурӯпошии Шуравӣ, мутаассифона, дар бисёр кишварҳо эронситезӣ ва форсиситезӣ он қадр ба шиддат пеш меравад, ки гоҳе авқот ҳис мекунам, бо ин амали хеш онон ба худашон зарар мекунанд. Барои онки ба ин ҳарфҳои бепоя ва бемоя посух гӯем, фикр мекардам, бояд як минбаре бошад ва ин минбар ҳам – минбари илмӣ. Инак ман ба як натиҷа расидам, ки маҷаллае бояд дар ҷумҳурии Қазоқистон сабти ном кунам. Ин як маҷаллаи илмии ховаршиносии байнулмилалист, ки дар он як ҳайъати бонуфузи таҳририя ҳаст ва маҷалларо дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург , Ереван, Душанбе, Хуҷанд, Тошканд, Самарқанд ва Қазон намояндагӣ ва муаррифӣ мекунанд. Ба ақидаи ман, мо бояд барои ин фарҳангу тамаддун, ки мадюни он ҳастем ва аз баракаташон ва ҳамчунин аз забони зебои форсӣ то кунун ҳувиятамон барҷой мондааст, бояд бо адои корҳои фаровон хидмат бикунем. Талоши аслии ман ин буду ҳаст».

Оқои Сафари Абдуллоҳ итминон дорад, ки ин маҷалла дар махдудаи собиқи шӯравӣ ва берун аз он хонандагони зиёд пайдо хоҳад кард, зеро барои ҳамкорӣ бо маҷаллаи «Эроннома» донишмандон ва ховаршиносони шинохтаи кишварҳои гуногун изҳори омодагӣ кардаанд, ки устод Фаридуни Ҷунайдӣ, Иброҳими Динонӣ, Асғари Додбеҳ аз Эрон, Акбари Турсон аз ИМА, Рустам ва Шариф Шукуровҳо аз Русия, Абдунабӣ Сатторзода ва Абдуманнон Насриддинов аз Тоҷикистон, Садрӣ Саъдиев ва Шодмон Воҳидов аз Узбакистон, Мурод Авезов ва Марворид Абусеитова аз Қазоқистон ва дигарон аз ҷумлаи ононанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Сафари Абдуллоҳ, мудирияти маҷаллаи «Эроннома» тасмим гирифтааст, ки бо ҳама марказҳои эроншиносии ҷаҳон ҳамкорӣ барқарор намояд, то онҳо низ дар чопи маҷалла саҳм дошта бошанд.

Феълан маҷалла дар ҳар се моҳ як бор нашр мегардад. Дар ду шумораи аввали «Эроннома» мақолот ва пажӯҳишҳои донишмандони маъруф, аз ҷумла устод Акбари Турсон, Саид Ҳусайни Наср, Ризо Шаъбонӣ, Александр Қодирбоев, Шариф Шукуров ва дигарон, ба табъ расидаанд. Дар шумораҳои аввали маҷалла хонандагон ҳамчунин таҳти бахшҳои вижаи «Таърих ва фалсафа», «Забон ва адабиёт», «Фарҳанг ва ҳунар», «Чеҳраҳои бузурги фарҳанг ва тамаддуни эронӣ», бо мақолаҳои донишмандони кишварҳои гуногун ошно мегарданд.

Маҷаллаи «Эроннома» бо теъдоди 1000 нусха чоп гардидааст ва он, ба гуфтаи сардабираш Сафари Абдуллоҳ, ба марказҳои пажӯҳишӣ ва китобхонаҳои бузурги кишварҳои гуногун фиристода хоҳад шуд.
Сардабири мачаллаи «Эроннома» ҳамчунин иброз дошт, ки кӯшиш хохад шуд, то маҷалла қавӣ гардаду хонандагони зиёдеро ба худ ҷалб намояд. Зеро дар дунё беш аз 350 миллион нафар бо забони русӣ суҳбат мекунанд ва тавассути ин маҷаллаи русизабон метавон фарҳанги эрониро ба таври боз ҳам густурдатар дар Русия ва кишварҳои дигар паҳн кард. Аз сӯи дигар, оқои Абдуллоҳ аз он изҳори таассуф кард, ки шумораи маҷаллоти русие, ки ба фарҳангу ҳунари эронӣ бахшида шудааст, ангуштшумор аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба забони русӣ дар бораи дигар фарҳангҳо, аз ҷумла фарҳанги туркӣ, маҷаллоти хеле зиёде нашр мегарданд.

Сафари Абдуллоҳ, ки анқариб 15 сол дар Қазоқистон ба сар мебарад, дар пажӯҳиш ва нашри фарҳанги эронӣ дар ин кишвар нақши муассир мегузорад. Ӯ дар ин муддат асари пажӯҳишии хеш «Сеҳри Сухан» ва ёдномаи устод Лоиқ «Марсияи хуршед»-ро ба забони тоҷикӣ, инчунин китобҳои «Пулҳои сеҳрнок» ва «Сеҳри Наврӯз»-ро ба забони русӣ дар Алматии Қазоқистон ба чоп расонидааст.

Гуфтанист, ки бо кӯшиши вай чандин асарҳои дастаҷамъии илмӣ рӯи чопро дидаанд. Соли гузашта ин донишманди точик, ки алъон сарварии Маркази мутолиъоти фарханги Осиёи марказӣ ва Эронро бар уҳда дорад, осори 7 ҷилдаи адиби бузурги казоқ Олҷас Сулаймоновро ба чоп омода карда, ба он сарсухане низ навиштааст, ки ин осор аз ҷониби донишмандон ва аҳли завқ хуш пазируфта шудааст.

-----------------------------------------
P. S. Ёдовар мешавем, ки солҳои 80-ум ва 90-уми асри гузашта дар ИМА Бунёди мутолиъоти Эрон таҳти мудирийяти дуктур Ҷалоли Матинӣ бо унвони «Эроннома» як маҷаллаи таҳқиқоти эроншиносиро бо хатти форсӣ нашр мекард.
XS
SM
MD
LG