Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Тошканд бо 20 медал


Ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон, ин мусобиқот бо ширкати варзишгарони 5 кишвар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон тӯли се рӯз идома кард. Шарафи Тоҷикистонро 20 варзишгар - 14 нафар мардон ва 6 нафар занон ҳимоя карданд.

Далер Сайфиддинов ва Далер Тӯраев дар сабқати мардон дар иҷрои машқҳои маҷмӯӣ ба дарёфти медалҳои тилло мушарраф шуданд. Некрӯз Алибеков, Масрур Сатторов, Рустам Улмасов, Далер Сайфиддинов, Умриддин Насриддинов ва Далер Тӯраев дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар вазни худ мақоми аввалро касб намуданд.

Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Нигора Ҳамидова ва Елена Мухторова дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон мувофиқи вазнашон соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Ду медали дигари тиллои Тоҷикистонро тимҳои мардонаю занонаи кишвар дар сабқати дастаӣ ба даст оварданд.

Чаҳор медали нуқраи Тоҷикистонро Парвиз Муродов ва Беҳрӯз Набиев дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон, Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон ва тими занонаи кишвар дар як навъи рақобатҳо ба даст оварданд.

Зоир Нурматов дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон, Маҳина Нарзуллозода ва Зарина Икромова миёни занон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

«Дордой-Динамо" -барандаи Ҷоми раиси AFC

Севвумин давраи мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ки дар шаҳри Лоҳури Покистон тӯли 11 рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Тими «Дордой-Динамо»-и Норин, қаҳрамони Қирғизистон дар бозии ниҳоӣ дастаи «Маҳендра Полис»-и Непалро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб сохта, барои дуввумин бор соҳиби Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё гардид.

Вале дастаи «Регар» ТадАЗ- и Турсунзода, нахустин барандаи Ҷоми раиси AFC пас аз пирӯзӣ дар сабқати гурӯҳӣ, дар бозии ниманиҳоӣ аз тими «Маҳендра Полис»-и Непал бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд ва аз ин мукофот бенасиб монд.
XS
SM
MD
LG