Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиронсолони бепарастори тоҷик


«Шароити ман бисёр вазнин аст. 69 сомониву 83 дирам нафақа мегирам. Се фарзанди ноболиғ дорам. Бар изофаи ин пули газ, барқ ва обро додан зарур меояд. Хайр, дигар зиндагӣ чи хел мешавад? Албатта, хуб не-да».

Қорӣ Муҳаммад, як бознишастаи 75-солаи тоҷик буд, ки вазъи иҷтимоъии худро бепарда барои мо ифшо мекард. Вай мегӯяд, дар кишвар мисли ӯ пирони бесаробону бепуштибон кам нестанд. Қорӣ Муҳаммад, ки чашмонаш дар 10 соли ахир хирабин шудааст, бо асо ва кумаки фарзанди кӯчаки худ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе қадам мезад ва мехост арзу доди худро ба гӯши одамон бирасонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба таъкиди худи ӯ, имрӯз дар кишвар гӯши фарёдшунаве намондааст. Амаки Муҳаммад дар суҳбат бо мо аз худи аввал ба шикоят мепардозад:

- Нафақаи ман танҳо барои харидани 30 кило орд мерасаду халос. Чи, мо картошкаву пиёз нахӯрем? Як сол боз маззаи гӯштро начашидаем.

- Ақаллан, имтиёзе доред, ки ройгон табобат бишавед?

- Давлат барои ҳатто мо барин маълулон ягон имтиёз, махсусан, табобати бепулро, надодааст. Бояд, ки инҳо мо, пирону дармондагонро, иззату ҳурмат мекарданд, ки дигар аз уҳдаи иҷрои коре баромада наметавонем. Вале баръакс, давлат пиронро ба гӯшаи фаромӯшӣ партофтааст ва, тавре мебинӣ, писарам, вазъи мо хуб нест...

Аммо Тилло Ҷалолов, як бознишастаи дигар, ҳама камбуду дарди худро пинҳон нигоҳ медорад ва шароити зиндагии худу фарзандони худро хуб арзёбӣ мекунад: «Шароити мо ниҳоят хуб аст, шикояте надорем. Аз ҳамин давру аз чунин шароит хурсандем. 46 сомонӣ нафақа мегирам ва ин ба зиндагии мо басанда аст».

Ин бознишаста, ки дар даст сабади анор дошту онро мефурӯхт, ба ҳар ҳол аз шарҳи зиндагии кунунияш худдорӣ варзид ва ҳама мушкилу камбудиҳоро сарфи назар кард.

Вақте ба хонаи пиронсолон ва маҷрӯҳони Душанбе омадем, онҷо куҳансолони русзабонро дидем, ки аксаран аз беманзилӣ ба инҷо рӯ овардаанд. Онҳо низ теъдоди зиёд надоранд. Ин куҳансолон, ки дар гузаштаи начандон дур соҳиби тахассус ва манзили зист будаанд, мегӯянд, ки дар хонаи пиронсолони Душанбе танҳо хӯроки бепул мехӯранду халос.

Аз «сокин»-и ин хонаи куҳансолон Юлия Николаевна, зани солхӯрдаи 67-солаи рус, мепурсам, ки оё ӯ аз шароити кунунии инҷо қаноатманд аст? Вай, агарчи аз кумаки давлат ва шароити муҳайёкардаи масъулини ин хона изҳори хушҳолӣ менамояд, мегӯяд, сиҳҳати ӯ чандон хуб нест, аммо табибон ба кумаки ӯ намешитобанд ва сари ҳар вақт онҳоро табобат намекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба қавли мақомоти Тоҷикистон, баробари афзудани чандинкартаи нафақаи бознишастагон ҳанӯз ҳам ҳудуди 500 ҳазор бознишастаҳои кишвар дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Миёни ин фақрзадаҳо 9 000 пиронсолону бознишастагони бекас низ будаанд. Мизони ҳадди аққали нафақа дар Тоҷикистон феълан 20 сомонӣ ва ё камтар аз 6 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бештари бознишастагон бо таассуф мегӯянд, ки бар изофаи он ки нафақаи кам мегиранд, он ҳам дар вақти муайян ба дасти онҳо намерасад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор таъкид мекунад, ки давлат барои пиронсоли кишвар имтиёзоти камтареро лоиқ донистааст. Аз ин рӯ, ба бовари вай, бо вуҷуди афзоиши бахши иҷтимоъии буҷаи давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир бознишастагон дар ин кишвар ҳамоно қишри осебпазир ва фақири ҷомиъа боқӣ мемонанд: «Адами ризоияти мардуми бознишастаи мо ба ҷо аст. Онҳо ҳақ доранд, ки шикоят бикунанд, ба хотири инки ҳаққи бознишастагии онҳо бисёр ночиз аст. Аз рӯи меъёри биологӣ аслан барои зиндагии якмоҳаи як нафар ҳадди ақалл 120-140 сомонӣ зарур аст. Ҳукумат тавони онро надорад, ки нафақаи бознишастаҳоро аз ҳисоби буҷа зиёд кунад. Масоили зиёде ҳастанд, ки бояд аз ҳисоби буҷа сармоягузорӣ ва ҳал шаванд, вале имконоти буҷа хеле маҳдуд аст. Инро аз як ҷиҳат метавон мушкилоти буҷаи Тоҷикистон номид».

Бо ин ҳама, бархе аз афроди солхӯрдаи Тоҷикистон умед доранд, ки дар рӯзи 1-уми октябр, рӯзи ҷаҳонии куҳансолон, ҳукумат ба онҳо кумак хоҳад кард, ё ақаллан аз ҳолу аҳволашон хоҳад пурсид.
XS
SM
MD
LG